Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Гуфта мешавад, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва саломи меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.
Зимнан зикр мегардад, ки баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.



