Нимаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ имзои созишнома миёни вилояти Маскави Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар назар аст.
Бино ба иттилои
хадамоти матбуоти
ҳукумати вилояти Маскав, рӯзи чорашнбеи ҳамин ҳафта вохӯрии губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайддуллоев доир гардида, дар он ҳамкориҳо миёни вилояти Маскав ва Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
«Мо ба мувофиқа расидем, ки давоми даҳаи аввали моҳи декабри соли равон созишномаи ҳамкории дуҷониба омода ва ба имзо мерасад, ки як қарордоди фарогир буда, бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва бахшҳои гуманитариро дар бар хоҳад гирифт», – иброз доштааст М.Убайдуллоев.
Дар иттилои мазкур таъкид мешавад, ки айни замон миёни вилояти Маскав ва Тоҷикистону минтақаҳои он ҳуҷҷатҳои қарордодӣ дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд надошта, лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ амалӣ намешаванд.
«Фаъолияти хориҷии иқтисодии вилояти Маскав бо Тоҷикистон бар асоси қарордод ва шартномаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории ҷонибҳо сурат мегирад», – қайд мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти вилоят.



