Вохӯрии раиси шаҳри Хуҷанд бо консули генералии тозтаъини Русия

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода консули генералии тозатаъини Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни мулоқот Валерий Бондаренко изҳор дошт, ки дар вазифаи худ мекӯшад барои рушду ривоҷи самтҳои мухталифи соҳаҳои шаҳри Хуҷанд дар заминаи ҳамкории маркази вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия мусоидат намояд. […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода консули генералии тозатаъини Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни мулоқот Валерий Бондаренко изҳор дошт, ки дар вазифаи худ мекӯшад барои рушду ривоҷи самтҳои мухталифи соҳаҳои шаҳри Хуҷанд дар заминаи ҳамкории маркази вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия мусоидат намояд.

«Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумот дода, захираю имкониятҳои мавҷудаи шаҳри Хуҷандро дар самти саноати сабук, коркарди мева, табодули таҷрибаи соҳибкорон, зикр дошт. Аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ имкони содири матои пахтагӣ, либосҳои кӯдаконаро дошта, қодиранд талаботи сифат ва миқдору ҳаҷми дархостиро комилан қонеъ намоянд», – омадааст дар хабар.

 Гуфта мешавад, таъсиси корхонаи муштараки коркарди мева дар заминаи коргохи консервабарории шаҳри Хуҷанд чун яке аз имкониятҳои фаврӣ ва афзалиятноки таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо дар мавриди андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

 «Баъди омӯзиши вазъи тараққиёт ва имкониятҳои шаҳри Хуҷанд ман эътимоди қавӣ пайдо кардам, ки равобити Хуҷанд бо корхонаю муассисаҳои Федератсияи Россия намунаи ҳамкорӣ барои дигарон хоҳад буд», -таъкид намуд консули генералӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.