Ғончӣ: Ба истифода додани ду иншоот ба ифтихори 20-солагии Конститутсия

Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ду иншооти таъиноти иҷтимоӣ – бинои тозабунёди беморхонаи №2 дар деҳаи Ҳазорчашма ва толори варзишӣ дар деҳаи Басманда мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадаомти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд […]

ASIA-Plus



Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ду иншооти таъиноти иҷтимоӣ – бинои тозабунёди беморхонаи №2 дар деҳаи Ҳазорчашма ва толори варзишӣ дар деҳаи Басманда мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадаомти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва роҳбарияти ноҳия иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони бинои нави беморхонаи ноҳиявии №2 деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати Муҷун соли 2012 бо ташаббуси мардуми маҳал тариқи ҳашар оғоз гардида, тибқи талаботи замонавӣ бунёд гардид ва бо таҷҳизот ва асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, дорои 55 кат аст ва асосан шӯъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии бачагона, утоқҳои кориву ташхисиро фаро гирифтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  барои харидории таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба беморхонахонаи мазкур 141 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Гуфта мешавад, толори варзишии наздимактабӣ дар деҳаи Басманда бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳашар аз ҷониби роҳбарияти хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳотам Қурбонови деҳаи Басманда, мактаби миёнаи умумии №47 ва аҳолии деҳа сурат гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.