Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Словакия дар Братислава

Рӯзи 23-юми октябри соли равон дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена)  Исматулло Насрединов нусхаи Эътимодномаи худро ба котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Петер Буриан супорид. Бино ба маълумоти департаменти иттилотти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбате, ки баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо масоили густариши […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23-юми октябри соли равон дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена)  Исматулло Насрединов нусхаи Эътимодномаи худро ба котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Петер Буриан супорид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилотти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбате, ки баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳангро мавриди муҳокима қарор дода, Петер Буриан аз таъин шудани намояндаи Тоҷикистон дар Словакия истиқбол кард ва ҳавасмандии худро ба рушди босуръати ҳамкориҳои созандаву мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятнок таъкид дошт.

Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ сурат гирифта, ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳкими  робитаҳо таъкид доштанд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Мудири Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қавқози Ҷанубӣ ва Осиёии Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Бранислав Ҳитка низ баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.