Вазири корҳои хориҷии ҶТ раҳбарияти ТАСС-ро бо 110-солагӣ табрик гуфт

Рӯзи ҷумъа ба раҳбари бунгоҳи хабарии ТАСС (қаблан – ИТАР-ТАСС) дар Тоҷикистон Галина Гриднева табрикоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати 110-солаги таъсиси Агентии итттилоотии телеграфии Русия супурда шуд. Дар табрикоти вазир дар бораи фаъолияти чандинсолаи созандаву пурсамари ин агентии собиқ шӯравӣ ва феълан русиягӣ дар Тоҷикистон сухан меравад. Қобили зикр аст, ки 110-солагии агентии […]

ASIA-Plus



Рӯзи ҷумъа ба раҳбари бунгоҳи хабарии ТАСС (қаблан – ИТАР-ТАСС) дар Тоҷикистон Галина Гриднева табрикоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати 110-солаги таъсиси Агентии итттилоотии телеграфии Русия супурда шуд.

Дар табрикоти вазир дар бораи фаъолияти чандинсолаи созандаву пурсамари ин агентии собиқ шӯравӣ ва феълан русиягӣ дар Тоҷикистон сухан меравад.

Қобили зикр аст, ки 110-солагии агентии иттилооти кӯҳанбунёди Русия соли равон натанҳо як рӯзи тақвимӣ, балки бо як силсила чорабиниҳои идона ва маърифатӣ дар саросари Русия ва кишварҳои хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.

Намояндагони Вазорати фарҳанг, Росархив, Россотрудничество, дигар вазорату идораҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва ВАО-и Русия пешниҳоди ташкили як силсила чорабиниҳои бузургмиқёси ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихиву маърифатӣ дар Русия ва хориҷи кишвар ба ифтихори ин ҷашнро дастгирӣ намуданд.

Айни замон дар ИТАР-ТАСС беш аз якуним ҳазор кормандон фаъолият дошта, намояндагиҳои ин хабаргузорӣ дар 70 кишвари хориҷӣ ва қариб дар ҳар кадоме аз минтақаҳои Русия амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.