Собиқадорони «Помир»-у «Спартак» аз солҳои гузашта ёдовар мешаванд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав баргузор мешавад. Бозӣ соати 17-00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад, ки 20 ҳазор ҷойи нишаст дорад. Собиқадорони дастаҳо рӯзи 24-уми октябр ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин бозӣ тамошобинонро натанҳо баҳра […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав баргузор мешавад. Бозӣ соати 17-00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад, ки 20 ҳазор ҷойи нишаст дорад. Собиқадорони дастаҳо рӯзи 24-уми октябр ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин бозӣ тамошобинонро натанҳо баҳра аз ҳунарнамоии футболбозони дӯстдошта, балки боз якчанд чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фароғатӣ низ интизор аст.  Аз ҷумла, пас аз анҷоми вохӯрӣ  бозии лотерея гузаронида шуда, дар он автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ба бозӣ гузошта мешавад ва ҳамчунин, мухлисон имкони бурди дигар чизҳои арзишмандро низ доранд. Нархи билет ба ҳама қисматҳо (трибунаҳо)-и варзишгоҳ як хел – 15 сомонӣ аст.

Дар ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Помир» ҳунарнамоии Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Муҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Нариман Палабуюк, Азамат Абдураимов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Владимир Ғуломҳайдаров, Александр Азимов, Абдуғаффор Юлдошев, Алиёр Ашӯрмамадов, Умед Алидодов, Сулаймон Бобокалонов ва дигарон дар назар аст. Сармураббии даста Мураббии шоистаи ИҶШС Шарфи Назаров мебошад.

Ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Спартак»-ро бозингарон Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский, Александр Кокорев ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Сармурббиёни дастаи маскавиҳо Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович таъин шудаанд. Ҳамаи онҳо тӯли солҳои гуногун дар ин дастаи маъруфи Русия, ки аксаран онро дастаи мардумӣ мегӯянд, ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта 

дар бозии лотерея,

 ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.