Кумаки Ҷопон ба таъмини шароит барои кӯдакони имконоташон маҳдуд дар мактаби пойтахт

Дар мактаби таҳсилоти умумии №28-и пойтахт бо иштироки котиби дуюми сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ Епиширо Хонрие, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҷалолиддин Амиров сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳусейн Маҳмадов, директори мактаби мазкур Гулчеҳра Ғаниева ва менеҷери ТҶ «Рушди Инклюзия» Замира Набиева маросими ифтитоҳи синфҳои инклюзивӣ (фарогир) дар ин мактаб доир гардид. Котиби сафоратхонаи […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар мактаби таҳсилоти умумии №28-и пойтахт бо иштироки котиби дуюми сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ Епиширо Хонрие, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҷалолиддин Амиров сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳусейн Маҳмадов, директори мактаби мазкур Гулчеҳра Ғаниева ва менеҷери ТҶ «Рушди Инклюзия» Замира Набиева маросими ифтитоҳи синфҳои инклюзивӣ (фарогир) дар ин мактаб доир гардид.

Котиби сафоратхонаи Ҷопон қайд кард, ки Ҷопон баҳри рушди минбаъдаи фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, то ки шумори бештари кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда тавонанд, зеро на ҳамаи онҳо аз чунин имконот бархурдоранд.

Ҷалолиддин Амиров изҳор намуд, ки ҳукумати Ҷопон дер боз ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва таҷҳизонидани мактабҳо бо шароитҳои таҳсил барои чунин кӯдакон дасти ёрӣ дароз мекунад. «Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд бояд дар мактабҳои таҳсилоти уммӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳаёт мутобиқ карда шаванд», – иброз дошт Амиров.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои афроди имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 1900 нафар кӯдакон таълим мегиранд. «Дар мактабҳои маъмулӣ бо ҳамсолони солими худ таҳсил кардани кӯдакони имконияташон маҳдуд беҳтару мувофиқи мақсад аст», – мутмаин аст Амиров.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, феълан беш аз 5 ҳазор нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар ҳаҷми 329 ҳазор доллари ИМА пурра аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллии «Ирода» ва «Рушди Инклюзия» амалӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.