Дар Суғд нашъафурӯш ба даст афтод

     Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд нашъафурӯшро дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.     Аз агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти тафтиши маълумоти фаврӣ, сокини ин ноҳия боздошт гардид, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ халтаи селофанӣ […]

Аваз Юлдошев



     Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд нашъафурӯшро дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.






    Аз агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти тафтиши маълумоти фаврӣ, сокини ин ноҳия боздошт гардид, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ халтаи селофанӣ бо моддаи сабзранг дарёфт гардид.





Бино ба иттилои сарчашма, зимни ташхиси он мутахассисони агентӣ муайян сохтанд, ки он маводи нашъаовари ҳашиш буда, 1 килову


2 грамм

вазн дорад.





     «Тибқи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд оварда шудааст», – афзуд сарчашма.





    Ёдрас мекунем, ки кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаш моҳи соли равон 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 952 килову

442 грамм

маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,6% бештар аст.

 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер