Санаи баргузории интихоботи парлумонӣ аввали моҳи декабр маълум мешавад

Дар назар аст, ки санаи баргузории интихоботи навбатии парлумониро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи декабр эълон мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, пас аз эълони санаи дақиқи баргузории интихобот Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба созмонҳои байнулмилалӣ […]

Аваз Юлдошев



Дар назар аст, ки санаи баргузории интихоботи навбатии парлумониро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи декабр эълон мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз эълони санаи дақиқи баргузории интихобот Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба созмонҳои байнулмилалӣ ва давлатҳои ҷудогона ҷиҳати иштиок дар маъракаи интихобот ба сифати нозирони байнулмилалӣ даъватнома мефиристад.

«Ҳамзамон бо маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон интихоби вакилон ба ҳайатҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру вилоят ва ноҳияҳо низ гузаронида мешавад», – иброз дошт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти кишвар на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Маъракаи интихобот ба палатаи болоии парлумон баъди 25 рӯз аз санаи баргузории интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Мутобиқи қонун, 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ва 1 ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҳавзахои якмандатӣ 41 нафар ва аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 нафар вакилон ба палатаи поёнии парлумон интихоб карда мешаванд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.