Барои тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил техникаҳои иловагӣ сафарбар карда шуданд

Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладона идома дорад. Дар саҳроҳои ҷумҳурӣ то 400 адад комбайнҳо кор мекунанд, ки ба бахшҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Оғози мавсими дарав дар майдонҳо каме бештар аз 150 техника машғули кор буданд. Аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладона идома дорад. Дар саҳроҳои ҷумҳурӣ то 400 адад комбайнҳо кор мекунанд, ки ба бахшҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Оғози мавсими дарав дар майдонҳо каме бештар аз 150 техника машғули кор буданд.






Аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки


то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад.





«То аввали ҳафта дар майдони 72 ҳазору


837 гектар

ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Соли гузашта дар ҳамин давра дар майдони 34 ҳазору

199 гектар

ҳосили зироатҳои ғалладона ғун карда шуда буданд», – афзуд сарчашма.








 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер