Дар ағбаи Фахробод бар асари садамаи автомобилӣ ҳамаи аҳли оила ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он ҳамаи аъзои оила ба ҳалокат расиданд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сардори шӯъбаи 2-юми Раёсати фаврӣ ва ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он ҳамаи аъзои оила ба ҳалокат расиданд.






Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сардори шӯъбаи 2-юми Раёсати фаврӣ ва ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Сафармурод Бобоев аз ӯҳдаи идораи мошини хизматиаш «Нива-Шевроле» набаромада, ба садама дучор шудааст.





«Мошин аз ҷарӣ парида, ба чуқурӣ сарозер рафтааст. Бар асари он С.Бобоев ва ҳамсари ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, писарашон ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст ва айни замон дар беморхона, дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.





Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол хабар дода нашудааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер