Сокини афвшудаи Суғд падарашро ба қатл расонид

Date:



Як сокини вилояти Суғд, ки чанде қабл мавриди афв қарор гирифта буд, падарашро ба қатл расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад.

Ба иттилои мнбаъ, бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷорйи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Табур Ғафуров соли 2010 мутобиқи моддаҳои 111 (Қасдан расонидани зарари  миёна ба саломатӣ) ва 244 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ маҳкум шуда буд. Санаи 4-уми ноябри соли равон мувофиқи Қонун «Дар бораи афв» мавриди афв қарор гирифт.

«Аз рӯйи ин далел барои оғози парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) чораҷӯӣ шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...