Боздиди консули генералии Русия дар Хуҷанд аз ДДХ

Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд.  Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ, ректори Донишгоҳ Анвар Мақсудов нахуст Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро дар ин […]

ASIA-Plus



Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд. 

Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ, ректори Донишгоҳ Анвар Мақсудов нахуст Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дуҷониба, хусусан байни донишгоҳҳои Федератсияи Русия ба роҳ монда, лоиҳаҳои ҷадиди судовар амалӣ карда мешаванд. Боиси хурсандист, ки Тоҷикистон бо Руcия равобитаи дустонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Зимни сӯҳбат Валерий Бондаренко қайд намуд, ки минбаъд миёни Донишгоҳҳои гуногуни Руcия ҳамкории пурсамарро ба роҳ хоҳад монд. Ин ҳамкориҳо метавонанд, ки мустақиман бо муассисаҳои олии кишварҳо, бо мусоидати эшон сурат гирад. Консули генералӣ омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид бар он намуд, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руcсия якчанд фондҳо барои омӯзиши забони русӣ, ва дастгирии он таъсис дода шудааст. Ва дафтари намояндагии «Россотрудничество» дар Душанбе фаъол аст.

Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳ факултети филология амал мекунад, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорони забони русӣ нақши муассир дорад. Дар заминаи ин факултет метавон курсҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монд. Ҳамчунин барои донишҷӯёни омӯзандаи забонҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Донишгоҳ имкониятҳои фаровон вуҷуд дорад. Роҳбарияти Донишгоҳ омода аст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо дар моҳҳои апрел-май нишасти васеъи ректорони донишгоҳҳои Русияро барпо намояд.

Валерий Бондаренко аз ин таклифҳои судманд қаноатманд гардида, омодагии хешро барои мусоидат ва пиёда сохтани ин тадбирҳо изҳор дошт, ҳамзамон зикр намуд, ки барои дастрас гардидани маҳзани китобхонаҳои илмии муассисаҳои олии кишвари Русия азм хоҳад намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.