Шумори ҳалокшудагон аз таркиш дар НФС дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 нафар расид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) аз ҷароҳатҳои бардошта ҳангоми таркиш сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Комрон Шехов ба ҳалокат расидааст. Зимни таркише, ки […]

ASIA-Plus



Шумори ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 нафар расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) аз ҷароҳатҳои бардошта ҳангоми таркиш сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Комрон Шехов ба ҳалокат расидааст.

Зимни таркише, ки нимаи рӯзи 8-уми ноябр рух дод, сокини 48-солаи пойтахт Заҳматшоҳ Саидов, ки барои харидории сӯзишворӣ ба автомашинааш, тамғаи «Лексус» ба ин нуқта омада буд, роҳгузари тасодуфӣ – сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Гулнамо Давлатҷон ва корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур Ҳасан Хидиров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Боз 4 тан аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми таркиш ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, айни замон дар бемористонҳо бистарианд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар шаҳракаи Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз гази моеъ шарора ба амал омада,

таркиш рух дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.