Давраи омӯзишии КБСС барои пизишкони бахши кумакҳои фаврӣ дар Хуҷанд

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои  фаврӣ  барои  осебдидагон  баргузор  кард.  Давраи омӯзишӣ аз  11  то 13 ноябри соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тавре аз намояндагии КБСС дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои  дувумин  бор  дар  Тоҷикистон  аст,  ки  […]

ASIA-Plus



Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои  фаврӣ  барои  осебдидагон  баргузор  кард.  Давраи омӯзишӣ аз  11  то 13 ноябри соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре аз намояндагии КБСС дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои  дувумин  бор  дар  Тоҷикистон  аст,  ки  омӯзиши  иқдомоти  фаврии  пизишкӣ барои  20  пизишки  бахши  фавриятӣ  баргузор  шуд. 

«Омӯзандагони  сатҳи  ҷаҳонӣ  аз КБСС,  ки  дар  арсаи  ироаи  кумакҳои  аввалия  тахассус доранд, дар бораи меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморон машғулиятҳо доир намуданд», – омадааст дар иттилоияи Кумита.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст. Баргузории ин омӯзиш бо мусоъидати созмонии фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи 

иҷтимоъӣ имконпазир шуд.

Ҷулӣ  Курӣ, намояндаи бахши беҳдошт  ва дармони КБСС гуфтааст: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу  тақвияти  дониш  ва  маҳоратҳои  мутахассисон  аст,  ки  дар  бахши  кумакҳои фаврии пизишкӣ дар вилояти Суғд кор мекунанд.”

Зимнан зикр мегардад, ки барномаи  ин  давраи  омӯзишӣ  иборат  аст  аз  муҳимтарин  масоил  ва  ҷанбаҳои  ироаи кумакҳои фавр, бавижа дар шароити саҳрову майдон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.