Нахуствазир ҷиҳати гуфтушунид ба Бишкек раҳсипор шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати ҳамтои қирғизи худ Ҷоомарт Оторбоев имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода бо раҳбарияти олии Қирғизистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯриҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати ҳамтои қирғизи худ Ҷоомарт Оторбоев имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода бо раҳбарияти олии Қирғизистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯриҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлииёт ва сохтмон баррасӣ мешаванд.

Муҳиддинов зикр кард, ки ба масоили марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. «Дар гуфтушунидҳо ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории барои тарафайн судманд дар соҳаҳои илму фарҳанг ва маориф низ дар назар аст»,– гуфт номбурда.

Дар ин сафар нахуствазирро вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонов, вазири нақлиёт Хайрулло Асоев, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳматоир Зокиров ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.