Ҷӯрабек Охунов метавонад ба озодӣ барояд

Собиқ директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки соли 2012 ба иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шуда буд, метавонад мавриди афв қарор гирад. Бузургмеҳр Ёров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар зерҳимояаш тибқи меъёрҳои қонун «Дар бораи афв» зиёни молии расонидааш ба аҳолиро ҷуброн намояд, метавонад озод карда шавад. «Агар ӯ ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Собиқ директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки соли 2012 ба иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шуда буд, метавонад мавриди афв қарор гирад.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар зерҳимояаш тибқи меъёрҳои қонун «Дар бораи афв» зиёни молии расонидааш ба аҳолиро ҷуброн намояд, метавонад озод карда шавад. «Агар ӯ ба 29 нафар шаҳрвандон манзили зист ё маблағи пулиашонро баргардонад, ки замоне барои сохтмони хонаҳо харҷ карда буданд», – саҳеҳтар иброз дошт адвокат.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷурабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба ҷурми содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи «қаллобӣ» ба ҳабс гирифта шуд. Баъдан ба ин парванда боз мувофиқи моддаи «соҳибкории ғайриқонунӣ» дигар парванда илова шуд.

Аз соли 2005 ширкати «Мовароуннаҳр» ба сохтмони хонаҳои ипотекӣ машғул аст, аммо аз аҳолӣ маблағи манзили зистро пурра ё қисман гирифа, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдашуда таъмин кард.

Санаи 5-уми июли соли 2012 Суди олии Тоҷикистон Ҷӯрабек Охунови 53-соларо ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.