Сӯхтор дар бозори бузургтарини шаҳри Хуҷанд

Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбе сӯхтор ба амал омад. Беш аз 10 мағозаву нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти милисаи вилояти Суғд хабар дод. Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқӣ унвон мешавад. «Аз сӯхтор одамон осеб надида, […]

Аваз Юлдошев



Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбе сӯхтор ба амал омад. Беш аз 10 мағозаву нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти милисаи вилояти Суғд хабар дод.

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқӣ унвон мешавад.

«Аз сӯхтор одамон осеб надида, ҳаҷми зиён муайян карда мешавад. Муддати 30-40 дақиқа оташ аз ҷониби кормандони хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.