Раиси ҲНИТ: Ҳама ҷангҳо дар олами ислом аз камбуди маърифати мусалмонҳост

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бори навбатӣ бо ҷавонон мулоқот ороста, дар он оид ба мушкилот дар олами ислом  ва сабабҳои пайдоиши онҳо изҳори назар кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зикр кард, ки иллати аслии пайдоиши мушкилот дар олами ислом камбуди […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бори навбатӣ бо ҷавонон мулоқот ороста, дар он оид ба мушкилот дар олами ислом  ва сабабҳои пайдоиши онҳо изҳори назар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зикр кард, ки иллати аслии пайдоиши мушкилот дар олами ислом камбуди маърифтаи мусалмонҳост.

«Имрӯз ҷанг дар олами Ислом аст, фақр дар олами ислом аст, мушкилоти сиёсӣ дар олами Ислом аст ва аз ҳама ҳукуматҳои диктаториву худкома дар олами ислом аст», – таъкид дошт раиси ҲНИТ. – Ҳамеша мегӯем, ки моро дигарон ҷанг меандозанд. Моро дигарон мусаллаҳ мекунанд. Аммо боре савол намегузорем, ки чаро дигарон метавонанд моро бо ҳам ҷанг андозанд, моро дар муқобили худ қарор диҳанд».

Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки «мо бояд ҷасорат дошта бошем, ки ин саволро ба худ бидиҳем ва баргардему замони садри исломро нигоҳ кунем. Даврони тиллоии таърихи Исломро мурур кунем ва бубинем, ки мусалмонон чиқадар каромату иззат доштанд».

«Шоҳи Британия дар гузашта аз раҳбари мусалмонон мехоҳад, ки ҳайати онҳоро бипазирад ва ба онҳо омӯзиш бидиҳанд. Вале ҳоло мо аз кишварҳои дигар хоҳишу таманно мекунем, ки донишҷӯёни моро бипазиранд ва ба мо грант бидиҳанд барои омӯзиш ва таълим. Пас маълум мешавад, ки мушкил дар ислом нест. Мушкил дар мо мусалмонҳост», – иброз дошт зимни мулоқот Кабирӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.