Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишварро афзуд

Дар муқоиса бо давраи моҳҳои январ-октябри соли 2013 давоми 10 моҳи соли равон содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб ба андозаи 40% афзуда, даромади ҷумҳурӣ аз он аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 32% зиёдтаранд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо давраи моҳҳои январ-октябри соли 2013 давоми 10 моҳи соли равон содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб ба андозаи 40% афзуда, даромади ҷумҳурӣ аз он аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 32% зиёдтаранд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии ҳудуди 40 млн. доллари ИМА дар ҳаҷми 1 млрд. 218 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 30 млн. доллари ИМА дар ҳаҷми каме бештар аз 874 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол ёфта буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи октябри соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ҳудуди 50 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ба ҳисоби миёна 1,6 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, нерӯи барқ аз Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода мешавад. Моҳи октябри соли равон зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистон

миннатдорӣ изҳор намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали моҳи октябр дар худи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мониторинги сомонаи 

www.barknest.tj

, имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз 5-6 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 33 млн. доллари ИМА 968 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шуд. Дар муқоиса бо соли 2012 соли 2013 содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм – 43% ва аз рӯйи дармоади пулӣ – 56% афзуда буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.