Э.Раҳмон: ИА дар симои Тоҷикистон шарики боэътимод дошта метавонад

Date:



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо )ИА) доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григулеро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону ИА, ки солҳои охир рӯй ба рушду густариш овардаанд, изҳори қаноат карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ дошта бошад, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад».

Аз робитаҳои судбахши байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки аз ҷумла дар доираи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва “Гурӯҳи Дӯстӣ”-и Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо сурат мегиранд, изҳори хушҳолӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки “таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он, аз ҷумла Парлумон, яке аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳам изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.

Чунонки таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба раванди рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related