Роҳбаладони нашъаҷаллоби қатораи «Душанбе-Маскав» назди қонун ҷавоб мегӯянд

Роҳбаладони қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» баҳри ба қаламрави Русия ворид кардани як миқдор маводи мухаддири сахттаъсир талош варзидаанд. Бино ба итттилои мақомоти прокуратураи вилояти Астрахани Русия, нисбати шаҳрвандони 22 ва 45-солаи Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир тариқи марз ба миқдори ниҳоят зиёд ва омодагӣ ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят […]

ASIA-Plus



Роҳбаладони қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» баҳри ба қаламрави Русия ворид кардани як миқдор маводи мухаддири сахттаъсир талош варзидаанд.

Бино ба

итттилои

мақомоти прокуратураи вилояти Астрахани Русия, нисбати шаҳрвандони 22 ва 45-солаи Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир тариқи марз ба миқдори ниҳоят зиёд ва омодагӣ ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд хулосаи айбнома тасдиқ шудааст.

Муайян карда шудааст, ки соли гузашта роҳбаладони қатора бо маслиҳати якдигар 30,5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро, ки дар шишаҳои пластикӣ ҷобаҷо шуда буд, дастрас намуда, ба интиқоли он ба Русия тариқи марзҳои Иттиҳоди гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авоуосиё кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маводи мухаддирро минбаъд роҳбаладон ба шахсони номаълум доданӣ будаанд.

Зимни азназаргузаронӣ дар марз ва санҷиши вагон дар вилояти Астрахан кормандони хадамоти фаврӣ пинҳонгоҳ бо маводи нашъаовари героинро дарёфт намуданд. Айни замон парвандаи ҷиноии мазкур ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Астрахан фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Сарраёсати «Мусофиркашонӣ»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шарҳи ин масъала ба журналистон бо баҳонаи серкорӣ худдорӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.