Пешниҳоди таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Душанбе оид ба рафти иҷрои «Стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахши муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон барои солҳои 2013-2015», ки моҳи октябри соли 2011 тасдиқ гардида буд, музокироти парлумонӣ сурат гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии паатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳамадато Султонов хабар дод, дар музокирот таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба ҷуз вакилон, […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Душанбе оид ба рафти иҷрои «Стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахши муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон барои солҳои 2013-2015», ки моҳи октябри соли 2011 тасдиқ гардида буд, музокироти парлумонӣ сурат гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии паатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳамадато Султонов хабар дод, дар музокирот таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба ҷуз вакилон, ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ ва роҳбарони вазорату идорахои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки имрӯз беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони коршоями Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, сарфи назар аз фаъолияти беш аз 30 агентиҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, аксари ҳамватанони мо бидуни ҳеҷ кафолату омодагии дахлдор ба Русия сафар мекунанд.

Раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ Хайринисо Юсуфӣ қайд кард, ки вакилон бо муҳоҷирон дар Русия вохӯриҳои зиёд барпо мекунанд ва медонанд, ки имрӯз яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирон надонистани забони русӣ, расму анъанаҳои миллии Русия ва қонунгузории кишвари будубош аст.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокироти парлумонӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ пешниҳод шуд, ки масъалаи таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони корӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуда, ба тадбирҳо ҷиҳати қатъи фаъолияти ширкатҳои миёнарав дар бахши муҳоҷират тақвият бахшида ва ҳамчунин ба густариши бештари робитаҳо бо диаспораҳои тоҷикон дар Русия кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.