Бонки Эсхата ба дастоварди нав ноил гардид

Бонки Эсхата соҳиби сертификати байналхалқии сифат ISО 9001:2008 гардид. Чуноне ки раиси Раёсати Бонк Хуршед Носиров иброз дошт, ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи менеҷменти сифат дар бонк пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ҷории ҷавобгӯ ба талабот ва интизории мизоҷон, таъмини самаранокӣ ва рақобатпазирӣ, беҳтарсозии пайвастаи фаъолияти бонк, ки кафолати иҷрои талаботҳоро оид ба […]

ASIA-Plus



Бонки Эсхата соҳиби сертификати байналхалқии сифат ISО 9001:2008 гардид.

Чуноне ки раиси Раёсати Бонк Хуршед Носиров иброз дошт, ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи менеҷменти сифат дар бонк пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ҷории ҷавобгӯ ба талабот ва интизории мизоҷон, таъмини самаранокӣ ва рақобатпазирӣ, беҳтарсозии пайвастаи фаъолияти бонк, ки кафолати иҷрои талаботҳоро оид ба сифат медиҳад.

Охири соли 2013 аз ҷониби Раёсати Бонк бо мақсади гирифтани тасдиқи мутобиқат ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 оид ба гузаштани сертификатсиякунонӣ ва соҳаи он – хизматрасонии интиқоли пулӣ қарор қабул гардид.

Бояд қайд кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ҷараёнҳои асосии бонк осон карда шуда, регламентҳои нав ва ҷараёнҳои корӣ мураттаб гардидаанд ва аз рӯи он омӯзиши кормандони бонк гузаронида шуд.

Барои гузаронидани аудити сифат аудиторони ташкилотҳои байналхалқии Intertek даъват карда шуданд.

Дар натиҷаи гузаштани ҳамаи давраҳои аудит, Бонки Эсхата сертификати мутобиқатро ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 соҳиб гардид. 

Айни ҳол Бонки Эсхата дар Тоҷикистон яке аз нахустин муассисаи молиявие ба ҳисоб меравад, ки дорои сертификати байналхалқии ISO 9001:2008 мебошад. Ин дастовард ба Бонк барои гузаштан ба сатҳи нави ҳамкорӣ  ва  сатҳи байналхалқии идоракунии сифат имконият медиҳад, ки бешубҳа ба мукаммалкунии мунтазам ниёз дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.