КДАМ: Дар Сурия тақибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд

Дата:



– Айни замон дар қаламрави Сурия тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар ин кишвар ширкат доранд, – хабар медиҳад радиои «Озодӣ» бо истинод ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Акрам Амонов.

Зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ санаи 21-уми ноябр А.Амонов дар ин робита изҳор намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба амалиёти ҷангӣ дар Сурия тариқи қаламрави Русия ва Афғонистон сафарбар мешаванд ва яке аз нуқтаҳои сафарбарии ҷангиён ба Сурия дар шаҳри Маскав, хиёбони сулҳ воқеъ аст.

Қаблан ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар ҳузур доранд ва дар ин даргириҳо ҳадди ақал 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни музокироти парлумонӣ фаъолияти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод. Дар ин робита ӯ изҳор дошт: «Фаъолияти хадамоти муҳоҷират дар Русия ғайриқаноатбахш аст. Дар бораи ҳалокат ва риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабарҳои зиёд мерасанд. Аскари шаҳрвандон аз қаламрави ин кишвар хориҷ карда мешаванд».

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное

По теме
Другие новости

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...