Нерӯгоҳи Қайроққум бо реҷаи муътадил фаъолият дорад, вале на бо иқтидори пурра

Date:



Тамоми шаш агрегати мавҷуда дар нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар минтақаи шимоли кишвар имрӯз ба таври муътадил фаъолият доранд.

Чуноне ки директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов ба «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон дар нерӯгоҳ шабонарӯзӣ 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад, ки 30%-и талаботи минтақаи шимоли кишвар ба нерӯи барқ бо назардошти реҷаи маҳдуди истифодаи онро ташкил медиҳад.

Ӯ қайд кард, ки феълан нерӯгоҳ бо иқтидори пурра фаъолият намекунад, чунки иқтидори пурраи он истеҳсоли 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз аст. «Нерӯгоҳ ду таъинот дорад – истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрӣ, яъне мо зимистон обро захира намуда, тобистон кишварҳои поёноб – Ӯзбекистон (300 ҳазор гектар заминҳои кишти пахта) ва Қазоқистони Ҷанубӣ (80 ҳазор гектар заминҳои кишти шолӣ)-ро бо об таъмин мекунем. Заминҳои кишти худамон низ обёрӣ мешаванд», – иброз дошт Авезов.

Ба қавли ӯ, имрӯз захираи об дар обанбори нерӯгоҳ 2,5 млрд. метри мукаабро ташкил дода, бо расидан ба меъёр дар ҳаҷми 3,5 млрд. метри мукааб, нерӯгоҳ метавонад пурра фаъолият карда, дар як шабонарӯз 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.

Зимнан зикр гардид, ки давраи обёрӣ то 15-уми сентябр идома ёфта, баъди он обёрӣ ба охир мерасад ва реҷа ба ихтиёри энергетикҳо супурда мешавад, ки нахуст бояд обро захира намуда, сипас ба кори асосии худ – истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунанд ва ин давра аз 15-уми сентябр то нима ё ахири моҳи ноябр давом мекунад.

«То ин замон мо бояд шаш агрегати мавҷударо ба кори муътадил омода созем ва агар дар ин давра сатҳи об ба меъёр бирасад, нерӯгоҳ бо иқтидори пурра фаъолият хоҳад кард, – афзуд директори нерӯгоҳ.

Қобили қайд аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум зиёда аз 500 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз 16-уми ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ

дар шаҳрҳои вилояти Суғд

низ ҷорӣ шуд. Директори муассисаи шабакаҳои барқи вилояти Суғд Муъминҷон Муҳаммадзода хабар дод, ки минбаъд рӯзона ба шаҳрҳо муддати 5 соат ва шабона низ аз соати 00-00 то 05-00-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад, яъне акнун шаҳрнишинони вилоят дар як шабонарӯз 14 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...