Баррасии масоили пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Душанбе

Рӯзи 21-уми ноябри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 21-уми ноябри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020» баррасӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштироккунандагон оид ба татбиқи минбаъдаи «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017» ва қабули Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои соли 2015 баррасӣ ва қабул гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.