Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли гандум кам шуд

– Ахири моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили зироати кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид, – иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо истинод ба гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) «Низоми ҷаҳонии иттилоот ва огоҳкунии пешакӣ оид ба мушкилоти ғизо ва бахши кишоварзӣ» (GIEWS). Бино ба маълумоти гузориш, соли 2014 […]

Пайрав Чоршанбиев



– Ахири моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили зироати кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид, – иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо истинод ба гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) «Низоми ҷаҳонии иттилоот ва огоҳкунии пешакӣ оид ба мушкилоти ғизо ва бахши кишоварзӣ» (GIEWS).

Бино ба маълумоти гузориш, соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ 745 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 4% камтар аст. «Коҳиши истеҳсоли гандум натиҷаи ҳосилнокии нисбатан пасттар бар асари камбуди об барои обёрӣ дар давраи нашъунамо ва ҳамчунин коҳиши начандон зиёди майдонҳои кишт аст ва ҳамин тариқ, истеҳсоли ҷуворимакка низ дар соли 2014 нисбат ба соли гузашта 7% кам шуда, 100 ҳазор тоннаро ташкил додааст», – омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар соли 2014 ба миқдори 1,1 млн. тонна арзёбӣ мешава, ки дар муқоиса бо ҳосили соли гузашта 3% камтар аст.

Таҳлилгарони FAO бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти зироати ғалладона, асосан гандум хеле вобаста аст, ки қариб 98% аз ҳаҷми умумии талабот ба воридоти зироат ғалладонаро ташкил медиҳад.

Дар давраи солҳои 2014-2015 воридоти 1,05 млн. тонна гандум пешгӯӣ мешавад, ки нисбат ба сатҳи соли гузашта ба ҳисоби миёна 4% зиёдтар аст. Гандум ва ҷав асосан аз Қазоқистн ва шолӣ асосан аз Русия ворид карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи сентябр нархи орди гандум дар Тоҷикистон каме муътадил гардида, ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта наздик шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия

Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 2,4 миллион долларро ташкил медодааст. Давоми се моҳи аввали соли 2026 бошад ҳаҷми тиҷорат байни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...