Кормандони идораҳои хоҷагии оби Суғд малакаҳои муосирро меомӯзанд

Барои мутахассисони идораҳои хоҷагии оби ҳавзаи дарёи Исфара оид ба кор бо таҷҳизоти муосири гидрологӣ ва гидрометрӣ, методҳои коркард, захира ва интиқоли маълмот дар бораи об бо мақсади амалисозии идоракунии пурсамари захираҳои обӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Давраҳои омӯзишии мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захирахои оби ҶТ ва Агентии […]

Пайрав Чоршанбиев



Барои мутахассисони идораҳои хоҷагии оби ҳавзаи дарёи Исфара оид ба кор бо таҷҳизоти муосири гидрологӣ ва гидрометрӣ, методҳои коркард, захира ва интиқоли маълмот дар бораи об бо мақсади амалисозии идоракунии пурсамари захираҳои обӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Давраҳои омӯзишии мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захирахои оби ҶТ ва Агентии мелиортасия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ барпо карда шуданд.

Аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар тренингҳо мутахассисони идораҳои хоҷагии оби шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ҳамчунин кормандони иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни машғулиятҳо бо асосҳои назариявӣ ва амалии малакаҳои кор бо таҷҳизоти муосири гидрологӣ ва гидрометрӣ аз наздик ошно гардиданд.

Гуфта мешавад, ин тренинг дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба амалисозии ислоҳот дар бахши идоракунии оби Тоҷикистон», ки ба усулҳои Ҳамгиройӣ дар идоракунии захираҳои обӣ асос ёфтааст, баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо Агентии оид ба рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) маблағгузорӣ шуда, ба беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.