Таъсиси ҳудуди 195 ҳазор ҷойи нави корӣ дар соли равон

Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 34 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 35%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ба Агентии мазкур ҳудуди 98 ҳазор […]

ASIA-Plus



Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 34 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 35%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ба Агентии мазкур ҳудуди 98 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 62 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 44 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 10 моҳи соли равон беш аз 6,1 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 2,9 млн. сомонӣ (ҳудуди 580 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми ноябри соли 2014 дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ қариб 85 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва ҳудуди 57 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 195 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солии гузашта 6% зиёдтар аст. Соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда буд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ду баробар зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи натиҷаҳои гузориши

 Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ)

 таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд. Мутобиқи гузориш, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% поин меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.