Кормандони милиса рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро барои рафтори бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати толибаи синфи ҳаштум ба ҳабс гирифтанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки ӯ аз моҳи октябри соли 2013 то инҷониб дидаю дониста нисбати ноболиғ ҳаракатҳои бадахлоқона содир намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



