Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав оид ба баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бахши муҳоҷират машваратҳои коршиносни Тоҷикистону Русия доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти дахлдори ҳарду кишвар ширкат варзиданд.
Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати коршиносони Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллоев ва ҷониби Русияро сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Олег Артамонов роҳбарӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳо масоили марбут ба лоиҳаҳои байниҳукуматӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ҳалли масъалаи иҷозати сафари шаҳрвандони тоҷики вурудашон ба қаламрави ин кишвар манъшуда (реадмиссия) ва Протоколи иҷро оид ба тартиби амалисозии он ва ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаи машварат санадҳои марбут ба ин масъалаҳо мавриди бозбинӣ қарор гирифта, машваратҳои иловагӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои зикршуда нимсолаи аввали соли 2015 баргузор мешаванд.



