Коҳиши беш аз 2%-и қурби сомонӣ нисбати доллар дар як шабонарӯз

Тайи шабонарӯзи сипаришуда қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА дар бозори асъори Душанбе беш аз 2% коҳиш ёфт. Агар дирӯз барои 1 доллар 5,28 сомониву фурӯши онро 5,30 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз дар лавҳаҳо муқобили доллари амрикоӣ қурби нав – мутаносибан 5,38 ва 5,40 сомонӣ гузошта шудааст. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор мегӯянд, ки қурби […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи шабонарӯзи сипаришуда қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА дар бозори асъори Душанбе беш аз 2% коҳиш ёфт.

Агар дирӯз барои 1 доллар 5,28 сомониву фурӯши онро 5,30 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз дар лавҳаҳо муқобили доллари амрикоӣ қурби нав – мутаносибан 5,38 ва 5,40 сомонӣ гузошта шудааст.

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор мегӯянд, ки қурби нав бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мувофиқа шудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз кормандони ин нуқтаҳо эътироф мекунанд, ки онҳо долларро аллакай бо қурби 5,48-5,50 сомонӣ фурӯхта, рақамҳо дар лавҳа бошад, «танҳо барои эрод нагирифтани кормандони БМТ аст».

Дар БМТ итминон медиҳанд, ки устувории қурб ва муътадилии фаъолияти бозори асъорро таъмин намуда, айни замон дар аксари бозорҳои молии ҷаҳон калавиши беҳад зиёди қурби асхорӣ хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

«Омилҳои объективии дарозмуддати мансуб ба иқтисод ва бозори молии кишвари мо мавҷуданд, ки мавсимӣ талаботро афзуда, пешниҳоди асъори хориҷӣ, аз ҷумла асъори нақдиро коҳиш медиҳанд», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.

Бино ба маълумоти БМТ, соли равон таҳти таъсири тамоили ҷаҳонии таҳкими қурби доллари ИМА нисбати дигар асъори миллӣ, ин вазъ печидатар шуд. «Ин ба ташаннуҷи геополитикии вазъ дар ҷаҳон, Шарқи Наздик, Украина ва Русия ва ҳамчунин тағйирот дар сиёсати асъори Низоми федералии захиравӣ бо мақсади дастгирии низоми молии ИМА бастагӣ дорад», – таъкид доштанд дар БМТ.

«Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зарурат баҳри ба ифоқа овардани калавишҳои беҳад зиёди қурб ва талабот ба асъори миллӣ, дар бозори дохилӣ амалиёт анҷом дода, ба таъмини устуворӣ ва муътадилии ин бозор кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои ин тамоми механизм ва воситаҳои зарурӣ мавҷуданд», – итминон доданд дар Бонки миллӣ.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.