ХБА рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи 6% пешгӯӣ мекунад

– Дар робита ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ва ҷараёни сусти амалисозии ислоҳоти сохторӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат рушди имконпазири иқтисод дар Тоҷикистон яқинан пасттар мешавад, – изҳор дошт зимни муаррифии Гузориши иқтисодии минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе намояндаи доимии Хазина дар Тоҷикистон Айдин Билолов. Ӯ зикр кард, ки « ҳарчанд аз […]

Пайрав Чоршанбиев



– Дар робита ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ва ҷараёни сусти амалисозии ислоҳоти сохторӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат рушди имконпазири иқтисод дар Тоҷикистон яқинан пасттар мешавад, – изҳор дошт зимни муаррифии Гузориши иқтисодии минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе намояндаи доимии Хазина дар Тоҷикистон Айдин Билолов.

Ӯ зикр кард, ки « ҳарчанд аз афзоиши суръати рушди иқтисод ба ҳисоби миёна ба андозаи ҳудуди 6% дар солҳои 2014-2015 интизорӣ равад ҳам, таъсиси ҷойҳои корӣ нокофӣ боқи мемонад ва таваррум дар ин давра дар мизони 8-9% пешбинӣ мегардад». «Ҳарчанд ҷалби сармоя аз Чин ва дигар кишварҳо ба андозае коҳиши суръати афзоишро метавонад сабуктар созад», – қайд кард Билолов.

Ба андешаи ӯ, тақвияти минбаъдаи ташаннуҷи вазъи геополитикӣ атрофи рӯйдодҳои Украина, поинравии арзиши нафт ва коҳиши қурби рубл бо назардошти робитаҳои зичи кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо Русия тариқи тиҷорат, интиқоли маблағҳои пулӣ ва сармоягузорӣ, метавонад ба дурнамои рушди иқтисоди ин кишварҳо таъсири иловагии назаррас гузорад.

«Тибқи ҳисобу китоби мо, коҳиши ММД-и Русия ба 1 банди фоизӣ дар соли ҷорӣ, ба коҳиши суръати афзоиш дар кишварҳои содиркунандаи нафти минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ – наздики 0,3 банди фоизӣ ва дар кишварҳои воридкунандаи нафти минтақа – ҳудуди 0,7 банди фоизӣ боис мегардад», – гуфт намояндаи ХБА.

Ба гуфтаи Билолов, такмили механизмҳои баҳисобгирӣ, идоракунӣ ва ҳисоботдиҳии корхонаҳои давлатӣ ба коҳиши хатарҳои шартии фискалӣ мусоидат мекунад. «Аз ҷониби худ ХБА бо кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон ҳамкории зичи мутақобиларо роҳандозӣ мекунад, то ки ба онҳо дар андешидани тадбирҳо ҷиҳатии ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.