Ҳаракати қатораҳо аз Русия ба Тоҷикистон як сол қатъ мешавад

Шурӯъ аз 1-уми декабри соли равон Идораи роҳи оҳани Русия ба муддлати як сол ҳаракати қатораҳо ба самти як қатор кишварҳои ИДМ-ро қатъ мекунад. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, дар ин давра ҳаракати қатораҳо ба Озарбойҷон, Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон мутаваққиф карда мешавад. «Қарори қатъи ҳаракати қатораҳо ба ин самтҳо дар доираи тасҳеҳи […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз 1-уми декабри соли равон Идораи роҳи оҳани Русия ба муддлати як сол ҳаракати қатораҳо ба самти як қатор кишварҳои ИДМ-ро қатъ мекунад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, дар ин давра ҳаракати қатораҳо ба Озарбойҷон, Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон мутаваққиф карда мешавад.

«Қарори қатъи ҳаракати қатораҳо ба ин самтҳо дар доираи тасҳеҳи реҷаи ҳаракат дар солҳои 2014-2015 қабул шуда, ба даромаднокии пасти ҳамлу нақл дар ин хатсайрҳо вобаста аст», – гуфтааст дар ин робита намояндаи Идораи роҳи оҳани Русия.

Ба қавли ӯ, агар қаблан реҷаи нави ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар мавсими тобистон ҷорӣ мешуд, акнун ин амал моҳи декабр сурат хоҳад гирифт ва ҳамин тариқ, қарори қатъи ҳаракати қатораҳо ҳадди ақал барои як сол қабул шудааст.

«Аммо хатти реҷаи ҳаракат боқӣ мемонад, яъне дар сурати зарурат қатора барои ҳаракат бо ин самт таъин шуда метавонад, – таъкид доштааст номбурда ва илова кардааст, ки реҷаи ҳаракати қатораҳо ба самти Белорус, Ӯзбекистон, Молдова ва Абхозистон тағйир наёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.