Саҳми беш аз 70 нафар устоҳои беҳтарин дар азнавсозии боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозии боғи фарҳангу фаро номи Камоли Хуҷандӣ босуръат идома доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, алҳол бо қувваи беш аз 70 нафар устоҳо ба се адад айвон таҳкурсӣ гузошта ва сутунҳояш бардошта шуда ба гузоштани сутунҳои кандакорӣ омода аст. Ба иттилои масъулин мақбараи Камол низ бардошта шуда, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозии боғи фарҳангу фаро номи Камоли Хуҷандӣ босуръат идома доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, алҳол бо қувваи беш аз 70 нафар устоҳо ба се адад айвон таҳкурсӣ гузошта ва сутунҳояш бардошта шуда ба гузоштани сутунҳои кандакорӣ омода аст.

Ба иттилои масъулин мақбараи Камол низ бардошта шуда, бомпӯшкунии он, ҳамчунин бо сангҳои кӯҳҳои Тоҷикистон оро додани фарши он идома дорад.

Гуфта мешавад, бо ҳунари дастони устоҳо аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара кандакорӣ ва нақшу нигори ҳуҷраҳои ҳудуди боғ анҷом дода шуда истодаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳудуди боғ дар 3 гектар сабзазор (газон) бунёд ва бештар аз 100 ҳазор бех гул ва 1000 бех дарахтони ороишӣ аз гӯшаву канори кишварамон оварда шинонда хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.