Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон маҳалчигиро маҳкум мекунад

Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба мушкилоти маҳалгароӣ дар чанде аз нашрияҳо таваҷчуҳ зоҳир шуд. Журналист Шонаврӯз Афзалшоев дар ин робита бо таассуф изҳор намуд, ки дар баъзе нашрияҳо бо назардошти ҷойи таваллуд ба кор мегиранд. Рӯзноманигори мустақил Раҷаби Мирзо гуфтаҳои ӯро дастгирӣ намуда, дар навбати худ қайд кард, ки ахиран баъзе […]

Ҳумайро Бахтиёр



Дар

ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

ба мушкилоти маҳалгароӣ дар чанде аз нашрияҳо таваҷчуҳ зоҳир шуд.

Журналист Шонаврӯз Афзалшоев дар ин робита бо таассуф изҳор намуд, ки дар баъзе нашрияҳо бо назардошти ҷойи таваллуд ба кор мегиранд.

Рӯзноманигори мустақил Раҷаби Мирзо гуфтаҳои ӯро дастгирӣ намуда, дар навбати худ қайд кард, ки ахиран баъзе нашрияҳои хусусӣ ҳарчи бештар аз касбият дур мешаванд ва дар сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият доранд. «Онҳо барои аз даст надодани гурӯҳи муайяни аудиория ба ин амал даст мезананд. Барои онҳо баррасии мушкилоти маҳал бештар муҳимтар шудааст», – иброз дошт ӯ.

Бо розигӣ аз гуфтаҳои боло профессор Иброҳим Усмонов зикр кард, ки ин тамоили хеле баду ногувор аст. «Дар ҳама гуна ҳолат, ҳатто агар шаҳрванд кадом як меъёр ё қонунеро риоя накунад, ҷойи таваллуди ӯро хотиррасон мекунанд», – изҳор дошт ӯ.

Иброҳим Усмонов ҳамчунин гуфт, агар мо дар бораи ваҳдати миллат ҳарф мезанем, пас набояд ба маҳалгароӣ дар нашрияҳо роҳ диҳем.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.