Нуриддин Қаршибоев раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Дар ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон раиси нави Шӯро интихоб шуд. Номзадии панҷ нафар – Раиси Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нурддин Қаршибоев, муҳаррири нашрияҳо барои кӯдакони «Чашма» ва «Зангӯла» Абдулвоҳиди Зевар, раиси Иттиҳодияи ВАО-и электронӣ Мӯсо Асозода, омӯзгори факултаи журналистикаи ДМТ Муроди Мурод ва муҳаррири ҳафтавори «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон раиси нави Шӯро интихоб шуд.

Номзадии панҷ нафар – Раиси Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нурддин Қаршибоев, муҳаррири нашрияҳо барои кӯдакони «Чашма» ва «Зангӯла» Абдулвоҳиди Зевар, раиси Иттиҳодияи ВАО-и электронӣ Мӯсо Асозода, омӯзгори факултаи журналистикаи ДМТ Муроди Мурод ва муҳаррири ҳафтавори «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода ба ин вазифа баррасӣ шуд ва тибқи натиҷаҳои овоздиҳии кушод Нуриддин Қаршибоев раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин атрофи масоили марбут ба норасоии кадрҳо, фаъолияти ғайриҳирфаии журналистон, баҳсҳо миёни Орзу Исоев ва ширкати Qnet ва ҷой доштани падидаи маҳалгароӣ дар нашрияҳои хусусӣ табодули назар сурат гирифт.

Шӯрои ВАО-и ҶТ созмони ҷамъиятӣ буда, баҳри татбиқи санади «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Ин санадро ҷомеаи журналистони Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 қабул намуда буд.

Ҳадафи аслии Шӯрои ВАО беҳбуди сифати фаъолияти журналистӣ ва пайгирии аз ҷониби ВАО-и ҷумҳурӣ риоя шудани ин меъёрҳо аст. Вазифаи Шӯро ҳамчунин аз он иборат аст, ки баҳри ҳалли ҳама гуна мухолифатҳои пайдошуда дар бахши ВАО то баррасии он дар суд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.