СБМ омӯзиши тарзи харҷи маблағи коркарда ба муҳоҷиронро пешниҳод мекунад

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) пешгӯӣ мекунад, ки ахири соли 2014 маблағи ба ватан фиристодаи муҳоҷирони корӣ 436 млрд. доллари ИМА ва дар соли 2015 – 540 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Таҳлилгарони созмон қайд мекунанд, ки маблағҳои пулии аз ҷониби муҳоҷирон интиқолгардида барои бисёре аз кишварҳо ба сарчашмаи устувори маблағгузории хориҷӣ табдил ёфтаанд. Коршиносони […]

Пайрав Чоршанбиев



Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) пешгӯӣ мекунад, ки ахири соли 2014 маблағи ба ватан фиристодаи муҳоҷирони корӣ 436 млрд. доллари ИМА ва дар соли 2015 – 540 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Таҳлилгарони созмон қайд мекунанд, ки маблағҳои пулии аз ҷониби муҳоҷирон интиқолгардида барои бисёре аз кишварҳо ба сарчашмаи устувори маблағгузории хориҷӣ табдил ёфтаанд.

Коршиносони СБМ ба масъалаи аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор набудани муҳоҷирон аз кишварҳои камбизоат зимни тақсими музди меҳнати моҳонаашон, ки дар хориҷи кишвар ба даст меоваранд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд ва зикр мекунанд, ки онҳо талош меварзанд, ки ҳарчи бештари маблағро ба наздикони худ ба ватан фиристанд, дар ҳоле ки оид ба чӣ гуна маблағҳо зарур будан барои зиндагии худи онҳо дар хориҷи кишвар тасаввуроте надоранд.

Аз ин рӯ, онҳо тариқи ташкили курсҳои омӯзишии махсус оид ба идоракунии захираҳои молиявӣ, кумак ба муҳоҷирони корӣ дар ин масъаларо пешниҳод мекунанд, ки дар ин курсҳо ҳамчунин ба муҳоҷирон маълумоти муфассал додан дар бораи шаклҳои гуногуни аз рӯи нарх бештар дастраси низомҳои интиқоли маблағҳо ва дигар тарзҳои кумак ба наздикон дар ватан низ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти гуногун, феълан аз аҳолии 8 миллионннафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандон баҳри дарёфти маоши бештар шоистатар муҳоҷират дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Аксари кулли онҳо дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.