Боулдер – бародаршаҳри амрикоии Душанбе (чандрасонаӣ)

Шаҳраки Боулдери Амрико яке аз 17 бародаршаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳрак ҳамчун рамзи дӯстиву бародарии Душанбеву Боулдер чойхонаи миллии тоҷикӣ бунёд шудааст, ки имрӯз аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинонаш маҳсуб меёбад. Ин чойхона туҳфаи Душанбе ба бародаршаҳри амрикоиаш мебошад. Сипас дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчун посухи ин қадрдонӣ Маркази дӯстии Душанбеву Боулдер бунёд гардид.

Таърихи дӯстӣ

Дар солҳои 80-уми қарни гузашта робитаҳо миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз Ҷанги сард барқарор шуданд. 

Дӯстии шаҳраки Боулдери аёлати Колорадои ИМА бо Душанбе таърихи беш аз 25-сола дорад. 8-уми майи соли 1987 Созишнома дар бораи дӯстии ду шаҳр ба имзо расид. 10-уми октябри соли 1988 Санад дар бораи ҳамкории миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 имзо шуд.

Он замон шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов аз Боулдер боздид карда, бо аъзои созмони ғайриҳукуматие, ки ба масоили таҳкими дӯстӣ миёни бародаршаҳрҳо – Душанбе ва Боулдер машғул буд, мулоқот намуд. Ин созмон имрӯз низ арзи вуҷуд дошта, «Boulder-Dushanbe Sister City Organization» ном дорад. Ҳамин тавр шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ба сокинони шаҳри Боулдер як чойхонаи тоҷикӣ туҳфа кунад. Давоми чанд соли баъдӣ устоҳои чирадасти тоҷик дар ин шаҳр чойхонаи зебоеро сохта, ба мардуми он тақдим карданд. Инак, беш аз 20 сол ин чойхона рамзи дӯстии Тоҷикистону Амрико маҳсуб меёбад. Ҳамасола дар ин чойхона ё худ ба истилоҳи сокинони шаҳр «The Boulder-Dushanbe Teahouse» ҷашни миллии мо – Наврӯз бо иштироки тоҷикони муқими Колорадо ва дигар хоҳишмандон таҷлил мешавад.

Интернет-кафеи амрикоӣ дар Душанбе

Тибқи нақшаи пешакӣ, дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчун рамзи дӯстии ду шаҳр бояд тарабхонаи амрикоӣ сохта мешуд. Аммо пас аз баҳсҳои тӯлонӣ Боулдер тасмим гирифт, ба сокинони Душанбе интернет-кафеи амрикоӣ туҳфа созад. Шурӯъ аз соли 2009-ум ин интернет-кафе бо номи Маркази дӯстии Душанбе ва Боулдер дар қисмати ҷанубии пойтахти ҷумҳурӣ ба сокинон хизмат мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бадеҳулло Бобомуродов дар Маркази дӯстии Душанбе ва Боулдер ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад. Ӯ тавассути озмун ба кор қабул шуда, ба хоҳишмандон забони англисӣ меомӯзонад. Талабот аз он иборат будааст, ки суҳбат бо хонандагон дар ҷараёни дарс бояд пурра бо забони англисӣ сурат пазирад. Бадеҳулло дар суҳбат бо мо афзуд, ки дар ин марказ ба наврасону ҷавонони пойтахт забони англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва дигар забонҳо омӯзонида мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷо давраҳои омӯзиши компютер ва истифодаи дигар технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе, «ин интернет-кафе аз ҳисоби мардуми шаҳри Боулдер сохта шудааст, на бо маблағи ягон ширкату ташкилот».

Барои бунёди маркази мазкур дар шаҳри Душанбе беш аз 1000 сокини шаҳри Боулдер саҳми молиявии худро гузошта, он бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ бунёд шудааст.

Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдер

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Як гӯшаи шаҳраки Боулдерро чойхонаи миллии тоҷикӣ оро медиҳад. Агар ин чойхонаро яке ҷойи писандидаи худ барои хӯроки шом донад, баҳри дигаре он макони пешвозгирии меҳмонон аст. Сокинону меҳмонон барои тановули ғизо ва ё суҳбати дӯстона болои катҳои ин чойхона, соатҳо навбат мепоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷозеф Степаник , роҳбари Анҷумани бародаршаҳрҳои «Боулдер-Душанбе» яке аз он сокинони шаҳр аст, ки пайваста бо аъзои оилаву дӯстон ба ин ҷо меояд. Вай мегӯяд: «Муддате дар ин ҷо нишастан ҳаловати дигар дорад. Аз нақшу нигори пурасрори ин толор рӯҳияи кас бениҳоят болида мешавад. Кушода шудани ин чойхона бо як қисми ҳаёти ман пайвастагӣ дорад. Зеро соли 1998-ум, вақте ки ман ба нафақа баромадаму аз шаҳри Вашингтон ба Колорадо кӯч бастам, ҳамон сол ин чойхонаро сохтанд. Аз он замон то ба ҳол рӯзеро дар хотир надорам, ки соате дар ин ҷо истироҳат накарда бошам. Чанде пештар дӯстонам аз шаҳри Вашингтон ба аёдат омада буданд ва ман онҳоро ба ин ҷо даъват кардам. Бовар кунед, аз дидани ин бино хеле хушҳол гаштанд ва пурсон ҳам шуданд, ки онро кӣ сохтааст. Ман ба онҳо гуфтам, ки ин туҳфаи дӯстони тоҷикистонии мост».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳангоми сохтмони чойхона на ҳама сокинони шаҳри Боулдер аз маҳсули тафаккури ҳунармандони тоҷик будани он хабар доштанд. Яке онро чойхонаи ҷопонӣ тахмин мезаду дигаре чиноӣ. Танҳо пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин бино моли кадом миллат будани чойхона маълум шуд.

Рисолати бузург​​​​​​​

Аслан, бунёди чойхонаи миллии тоҷикӣ дар Колорадо ва Маркази дӯстии Боулдер дар Душанбе баҳонаест барои бастани паймони бародарӣ миёни ин ду шаҳр. Дар замони Ҷанги Сард тарғиби зиддишӯравӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба авҷи худ расида буд ва ин кишвар нақша дошт, ки дар Колорадо истгоҳи атомӣ бунёд кунад. Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин тасмими Амрико мухолифат нишон медод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Билохира, сокинони Колорадо ба хулосае омаданд, ки аз сиёсат каме дуртар шуда, роҳҳои муносиботи дӯс тонаро пайдо кунанд. Ба ҳамин хотир сокинони он нақшаи бародаршаҳр шудани Боулдерро бо яке аз шаҳрҳои шӯравӣ бевосита рӯйи даст гирифтанд. Бо ин мақсад гурӯҳе аз сокинони Колорадо ба сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Амрико муроҷиат карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Питер Столлер , собиқ роҳбари Анҷумани бародаршаҳрҳои «Боулдер-Душанбе» ин рӯйдодро хуб дар хотир дорад. Вай мегӯяд: «Боулдер дар Амрико яке аз аввалин шаҳрҳоест, ки бо шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паймони бародарӣ дорад. Мардуми мо ба сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки Боулдер бо яке аз шаҳрҳои он бародаршаҳр шавад. Мақсади асосии сокинон аз он иборат буд, ки муносибати мардуми мо беҳтар шавад. Олимони шаҳри Боулдер, ки бо Душанбе муносибати хуб доштанд, барои бародар шудани ду шаҳр кӯмак карданд. Ва ҳамсари ман Сафия, ки он вақт ҷавон буд, аз ҳамкориҳои олимон хабар ёфта, ин корро ҳамоҳанг сохт. Хушбахтона, сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳоди моро пазируфт ва мо ба Душанбе мактуб ҳам навишта будем. Ана ҳамин хел мо бо Душанбе бародар шудему то имрӯз ҳамкориҳои хуб дорем».

Барои интихоби шаҳре аз Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо Боулдери Амрико бародаршаҳр шуда тавонад, талоши зиёде сурат пазируфта буд. Аз сабабе ки ҳамкорӣ миёни донишмандон мавҷуд буд, пешниҳод гардид, ки Душанбе ба унвони бародаршаҳр интихоб шавад. Зеро мавзеи ҷойгиршавии ин шаҳр бо Боулдер шабоҳати зиёде дорад. Муҳимтарин монандии Душанбеву Боулдер он аст, ки қисмати шарқии ҳарду шаҳрро қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд. Ба ҳамин хотир дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум ба унвонии шаҳрдори Душанбе мактуб ирсол гардиду Амрико пешниҳоди комили худро дар ин хусус ироа кард. Баъд аз муддати кӯтоҳ ҷониби Душанбе чойхонаи миллии тоҷикиро ба сокинони бародаршаҳри амрикоии худ тақдим кард.

Ҷозеф Степаник, роҳбари кунунии Анҷумани бародаршаҳрҳои «Боулдер-Душанбе» дар суҳбат бо мо гуфт: «Ман хурсандии худро аз номи мардуми шаҳри Боулдер ба мардуми тоҷик изҳор медорам. Зеро ин чойхона як туҳфаи бузург на танҳо барои мо, балки барои наслҳои ояндаи ин шаҳр аст. Мо ҳамеша хушҳол мешавем, ки агар тоҷикон ба ин ҷо омада, меҳмони мо шаванд. Агар тоҷике ба ин ҷо ояд, ҳеҷ гоҳ худашро бегона эҳсос намекунад. Мо ҳама ба сокинони шаҳри Душанбе ташаккур мегӯем, ки барои мо чунин як ҷойи дилраборо ҳадя карданд».

8-уми майи соли 1987 миёни Душанбеву шаҳри Боулдер паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Худи ҳамин сол Протокол оид ба ҳамкориҳои байни ду шаҳр барои солҳои 1989-1990 ба тавсиб расиду гурӯҳи донишҷӯён аз Боулдер ба шаҳри Душанбе омаданд. Чанде баъдтар гурӯҳи толибилмони тоҷик ба Амрико рафта, муддате дар оилаҳои амрикоӣ зистанд ва ҳам бо муассисаҳои таълимии ин кишвар ошноӣ пайдо карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ ҳайати меҳмонони Колорадо дар ҷашнвораҳои гуногуни шаҳри Душанбе ширкат меварзанд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов мегӯяд: «Ҳайати бонуфузи шаҳрдории Боулдер ва аёлати Колорадо соли 2004-ум барои иштирок дар ҷашни 80-солагии шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд. Инчунин баъдан низ чандин бор гурӯҳҳои бонуфузи Колорадо ба меҳмонии мо омаданд. Мо дар ҳама чорабиниҳои бузурги шаҳри Душанбе меҳмононро аз бародаршаҳрҳо даъват мекунем».

Таҷлили Наврӯз дар Боулдер​​​​​​​

Ҳамакнун чи дар Колорадо ва чи дар Душанбе талошҳои гузаштаи начандон дур дар саҳифаи таърих ҷой гирифта, аз он ба некӣ ёдоварӣ мешавад. Зеро пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ҳамкории бародаршаҳрҳо густариш ёфтааст. Ҳоло дар чойхонаи шаҳри Боулдер тоҷикистониёну форсизабонон ба ҷашни аҷдодии мардумӣ – Наврӯз омодагӣ мегиранд.

Ҷозеф Степаник бо хушнудӣ мегӯяд: «Ин чойхона ба мо ду туҳфаи ногаҳониро тақдим кард. Аввал он, ки чойхона дар шаҳри Боулдер ба макони асосии истироҳату фароғати сайёҳон табдил ёфтааст. Дуввум, тоҷикистониёни шаҳрҳои Боулдер ва Денвер омада, дар ин ҷо ҳамасола ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд ва мо ҳам бисёр хушҳолем, ки дар таҷлили ин ҷашн ҳамкорӣ дорем. Ҳамасола дар ин чойхона як рӯзро мо ҳамчун рӯзи Наврӯзи тоҷикон чашн мегирем. Ин иди мардуми Осиёи Марказӣ ба мардуми мо бениҳоят писанд омадааст».

17 бародаршаҳри Душанбе​​​​​​​

Имрӯзҳо Боулдери Колорадо ягона шаҳре нест, ки бо Душанбе паймони бародарӣ дорад. Бародаршаҳрҳои Душанбе ҳам аз Аврупоянду ҳам аз Африқо. Пойтахти Тоҷикистон бародаршаҳрҳои арабиву чиноии худро низ дорад. Тавре Шавкат Саидов афзуд: «Ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз солҳои 1967-ум Душанбе бо 17 шаҳри кишварҳои гуногуни олам паймони бародаршаҳрӣ бастааст. Маҳз дар доираи ҳамин созишномаҳо мо бо ҳампаймонҳоямон рафтуомади гуногуни иқтисодиву илмӣ ва фарҳангӣ дорем. Робитаҳои Душанбе бо ин шаҳрҳо бениҳоят хуб ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол корҳо ҷиҳати бастани паймони бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои Париж ва Остонаи Казоқистон идома дорад. Душанбе бояд бо ин шаҳрҳо ҳам бародаршаҳр шавад, ки ин метавонад сокинонро бо ҳам наздиктар кунад».

Паймони бародарии шаҳрҳо дар вазъияти феълӣ судманд дониста мешавад. Зеро дар доираи ин гуна паймон имкон аст, ки муносиботи фарҳангиву тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ғайра бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шавад. Аввалин бародаршаҳри Душанбе Монастири Тунис аст. Протокол оид ба бародарӣ бо ин шаҳр ҳанӯз 24-уми ноябри соли 1967 ба имзо расида буд. Душанбе то имрӯз дар маҷмӯъ 17 бародаршаҳр дорад ва паймон бо 9 шаҳри он дар замони истиқлолият ба даст омадааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нафаре, ки барои баста шудани паймони бародарӣ миёни Душанбеву Боулдер талош кардааст, имрӯз аз натиҷаи заҳматҳои кашидааш лаззат мебарад. Питер Столлер, собиқ роҳбари Анҷумани бародаршаҳрҳои «Боулдер-Душанбе» агарчи дар масофаи беш аз 10 километр дуртар аз чойхонаи миллии тоҷикӣ зиндагӣ мекунад, вале ҳафтаеро дар хотир надорад, ки чи ҳамроҳ бо аҳли оила ва чи бо меҳмононаш ба ин чойхона наомада бошад.

Питер сабаби пайваста ба ин ҷо омаданашро дар он медонад, ки лаззати таоми мардуми Осиёи Марказӣ воқеан ҳам дигар аст: «Ба ман бештар оши палав ва нони тоҷикӣ писанд аст. Ҳангоме ки ман дар Душанбе будам, ҳар рӯз рафта, аз бозор нони гарм мехаридам. Ба сабзавоту хӯришҳои тоҷикӣ ман гап надорам. Меваю сабзавотро бо он таъму лаззате, ки дар Тоҷикистон ҳаст, на дар ҳар куҷо пайдо кардан мумкин аст. Ростӣ, чанд сол пештар ба Тоҷикистон сафар карда будам, вале то имрӯз лаззати сихкабоби дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд хӯрдаам аз ёдам намеравад. Воқеан, ошхонаи мардуми тоҷик ғанӣ аст. Шахсан ман хушҳолам, ки Душанбеву Боулдер бо ҳам бародаранд».

Имсол 90-солагии мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе таҷлил гардид. Дар давоми 90 сол Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро паси сар кардааст. Тағйирот ва тафовутҳои Душанбеи қарни гузашта ва Душанбеи навинро дар наворҳои зер бубинед:

Дар боло саундслайди Душанбеи куҳан ва дар зер видеои пойтахти муосири кишвар

spot_imgspot_img

Популярное