Раиси Кӯлоб шаҳрашро дар форуми зиёиёни Маскав муаррифӣ мекунад

Дар шаҳри Маскав Форуми IX равшанфикрони илмӣ ва эҷодӣ ҷараён дорад, ки барои иштирок дар кори он ҳудуди 300 нафар вакилон аз ҳамаи кишварҳои узви ИДМ даъват шудаанд. Форум бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ гузаронида мешавад. Мавзӯи форми имсола – «Рушди фазои ягонаи гуманитарии ИДМ: дурнамои ҳамкорӣ ва таҳдидҳои замон» интихоб […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Маскав Форуми IX равшанфикрони илмӣ ва эҷодӣ ҷараён дорад, ки барои иштирок дар кори он ҳудуди 300 нафар вакилон аз ҳамаи кишварҳои узви ИДМ даъват шудаанд.

Форум бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ гузаронида мешавад. Мавзӯи форми имсола – «Рушди фазои ягонаи гуманитарии ИДМ: дурнамои ҳамкорӣ ва таҳдидҳои замон» интихоб шудааст.

Дар кори форум ба масъалаи омодагии муштарак ба таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чорабиниҳо бахшида ба соли 2015-ро дар қаламрави ИДМ эълон кардани Соли собиқадорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар форум вакилон аз шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия, ки соли 2015 пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон шудаанд, барномаи рангини муаррифии таъриху осор ва ва  ҳаёти имрӯзаи шаҳрҳоро пешкаш мекунанд. Маросими муаррифии шаҳри Кӯлобро раиси ин шаҳр Абдуғаффор Азиз Раҳмонзода доир мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.