Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд иваз шуд

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  иваз шуд. Бо Қарори раиси вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов сардори Раёсати тандурустии вилоят таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Собирҷон Собировро иваз намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят, Ваҳҳобов Салом Абдуқодирович 5 декабри соли 1958 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1981 Донишкадаи […]

Мавлуда Рофиева



Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  иваз шуд. Бо Қарори раиси вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов сардори Раёсати тандурустии вилоят таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Собирҷон Собировро иваз намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят, Ваҳҳобов Салом Абдуқодирович 5 декабри соли 1958 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1981 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Мавсуф дар солҳои гуногун дар вазифаҳои  муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардухтури  беморхонаи марказии ҳамин ноҳия, сардухтури  беморхонаи бачагонаи вилоятӣ, сардухтури беморхонаи клиникавии № 1-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Гуфта мешавад, аз июни соли 2013 то ҳоло дар вазифаи сардухтури беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.