Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд иваз шуд



Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  иваз шуд. Бо Қарори раиси вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов сардори Раёсати тандурустии вилоят таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Собирҷон Собировро иваз намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят, Ваҳҳобов Салом Абдуқодирович 5 декабри соли 1958 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1981 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Мавсуф дар солҳои гуногун дар вазифаҳои  муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардухтури  беморхонаи марказии ҳамин ноҳия, сардухтури  беморхонаи бачагонаи вилоятӣ, сардухтури беморхонаи клиникавии № 1-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Гуфта мешавад, аз июни соли 2013 то ҳоло дар вазифаи сардухтури беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

spot_imgspot_img

Популярное