Ду ноболиғ зери чархи автомашина монданд

Шоми рӯзи 23-юми декабр зимни ҳаракат дар хиёбони Айнӣ (аз тарафи кӯчаи Ховарон) ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101», сокини 46-солаи пойтахт Дилшод Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар толибилмон, бародару хоҳарон Шораҳматовҳо – Умеди 11-сола ва Шукронаи 7-соларо бо автомашинааш пахш намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳ ба бемористон […]



Шоми рӯзи 23-юми декабр зимни ҳаракат дар хиёбони Айнӣ (аз тарафи кӯчаи Ховарон) ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101», сокини 46-солаи пойтахт Дилшод Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар толибилмон, бародару хоҳарон Шораҳматовҳо – Умеди 11-сола ва Шукронаи 7-соларо бо автомашинааш пахш намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳ ба бемористон Умед ба ҳалокатрасида, Шукрона бо ҷароҳатҳои сершумор таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он аз 1 то 3 баробар

афзудани маблағи ҷаримаҳо

барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.