Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар соли равон натиҷагирӣ шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев, айни замон фурудгоҳ бо 21 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад (14-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ, 5-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷи дур, 2-ширкати ҳавопаймоии дохилӣ).
Соли равон ФБД ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ беш аз 71 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 13,2 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Соли ҷорӣ фурудгоҳи Душанбе ба 5 ҳазору 927 адад рейсҳои доимӣ ва ба 615 адад рейсҳои чартерӣ хизматрасонӣ карда, аз хизматгузориҳои фурудгоҳ 1 млн. 236 ҳазор нафар мусофирон истифода кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки соли 2015 оғози сохтмони терминали нави боркашонӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар назар аст.



