МТС: Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон то 4 млрд. $ коҳиш меёбад



Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Фарида Муминова чунин ибрози андеша намуд, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то 4 млрд. доллари ИМА коҳиш ёфта, соли 2015 аз афзоиши начандон зиёди он интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Зимни нишасти хабарии имрӯза Ф.Муминов қайд кард, ки ахири соли гузашта қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА ба таври назаррас поин рафт, ки он низ ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ таъсири манфӣ гузошт.

Барои коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ муовини роҳбари МТС барқарор кардани иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркард дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Ӯ таъкид кард, ки ҳангоме ки ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд, шаҳрвандони кишвар рӯйи интихоби ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои хориҷӣ ва ба кор машғул шудан дар ватани худ қарор мегиранд.

Ба андешаи Муминова, ба тамоили муҳоҷират ба таври сунъӣ таъсир расонидан ғайриимкон аст. «Мо наметавонем ва набояд пеши роҳи муҳоҷиронро гирем», – гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи декабри соли гузашта беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, вале дар мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ин рақамҳо хеле зиёд нишон дода шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное