Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷири корӣ, зодаи ноҳияи Фархор Давлатманд Холов дар ҳаҷми 180 ҳазор рубл мусоидат намуд.
Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муҳоҷири кории номбурда бо ариза ба намояндагӣ муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки бо як хешаш О.Зиёев аз тобистони соли гузашта дар ширкати сохтмонии «СУ-155»-и шаҳри Маскав кор карда, дар зарфи 3 моҳ ҳаҷми музди меҳнати онҳо 300 ҳазор рублро ташкил додааст ва ин ширкат як қисми маблағро пардохта намуда, ваъда додаст, ки маблағи боқимонда баъди анҷоми корҳо пардохта мешавад, вале ба ваъдааш вафо накардааст.
«Пас аз гуфтушуниди корманди намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ масъалаи мазкур роҳи ҳалли худро пайдо намуда, ба муҳоҷирони корӣ музди меҳнаташон пурра пардохта шуд», – гуфт сухангӯи намояндагӣ.
Қобили зикр аст, ки давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани
беш аз 24 млн. рубли русӣ
музди меҳнаташон мусоидат кард.



