Имрӯз сатҳи дониши забони давлатии номзадҳои ҲНИТ санҷида мешавад

Имрӯз ҳамаи 28 нафар намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, аз сатҳи донистани забони давлатӣ аз санҷиш мегузаранд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл номзадҳои пешбаришуда тибқи рӯйхатҳои Ҳизби […]



Имрӯз ҳамаи 28 нафар намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, аз сатҳи донистани забони давлатӣ аз санҷиш мегузаранд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл номзадҳои пешбаришуда тибқи рӯйхатҳои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон санҷишро муваффақона супурданд.

Зимнан зикр гардид, ки санҷиши довталабон ба курсиҳои палатаи поёнии парлумонро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намуданд. «Пагоҳ номзадҳои Ҳизби коммунист чунин санҷиш месупоранд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст 

сатҳи донистани забони давлатии

номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.

Санҷиши донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ танҳо тариқи суҳбат сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.