Тоҷикистону Русия оинномаи маркази «Помир-Чақалтай»-ро то ҳол қабул накардаанд

Зимни нишасти хабарии имрӯза президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ изҳор намуд, ки оинномаи маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай», воқеъ дар шарқи ҷумҳурӣ мавриди баррасиву омӯзиши сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Русия қарор дорад. Ба гуфтаи вай, аз рӯйи чанде аз масъалаҳои истифодаи маркази мазкур миёни ҷонибҳо баъзе ихтилофҳо вуҷуд дошта, сарфи назар аз ин, айни замон мутахассисони ҳарду […]



Зимни нишасти хабарии имрӯза президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ изҳор намуд, ки оинномаи маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай», воқеъ дар шарқи ҷумҳурӣ мавриди баррасиву омӯзиши сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Русия қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, аз рӯйи чанде аз масъалаҳои истифодаи маркази мазкур миёни ҷонибҳо баъзе ихтилофҳо вуҷуд дошта, сарфи назар аз ин, айни замон мутахассисони ҳарду ҷониб дар иншоот корҳои муайянеро анҷом медиҳанд.

Президенти Академияи илмҳо хотиррасон намуд, ки санадҳои таъсиси Маркази таҳқиқоти илмии «Помир-Чақалтай» соли 2008 аз ҷониби Тоҷикисону Русия дар сатҳи сарони кишварҳо тасдиқ шуда буданд.

«Пойгоҳи «Помир-Чақалтай» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, дар баландии 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, пойгоҳи баландтарин дар ҷаҳон аст ва дар ҳолати кунуниаш аз соли 1970 амал мекунад», – таъкид дошт Ф.Раҳимӣ.

Олимони рус бар ин назаранд, ки шароитҳои атмосферӣ дар ин баландӣ барои анҷоми пажӯҳишҳо оид ба астофизика, астрономия ва мавҷҳои кайҳонӣ хеле нодиру муосид аст.

Тибқи баъзе маълумот, ба шартномаи зикршудаи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, Беларус ва Лаҳистон низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, ба марказ дигар кишварҳо ва пажӯҳишгоҳҳои онҳо низ шомил шуда метавонанд.

Коршиносони бахши физика зикр мекунанд, ки маркази кайҳоншиносии «Помир-Чақалтай»-ро дар як вақт метавон барои рушди якчанд самтҳои илм истифода кард. Масалан, бар асоси омӯзиши обуҳавои кайҳон ин ҷо метавон тағйирёбии иқлимро пешгӯи намуд. Барои озмоишҳои амалӣ дар соҳаи астробиология ва энергетикаи кайҳонӣ низ дар марказ имконот мавҷуд аст. Олимон ояндаи наздик дар кӯҳҳои Помир рӯйи кор омадани илми навро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.